Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии Сенати Ҷумҳурии Фаронса оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Эрве Море мулоқот намуд.
Дар мулоқот вакилони Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Фаронса ва Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл иштирок намуданд.
Ҷонибҳо аз сатҳ ва муҳтавои кунунии ҳамкориҳо, ки бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунӣ, робитаҳои таърихӣ ва эҳтироми мутақобил асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсӣ ва талошҳои пайвастаи роҳбарони ду давлат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон муносибатҳои дуҷониба дар солҳои охир марҳилаи сифатан навро касб намудаанд.
Ба фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ аҳаммияти махсус зоҳир гардида, масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои табодули таҷрибаи қонунгузорӣ, рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, рақамикунонӣ ва таҳкими институтҳои демократӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар доираи созмонҳои байналмилалии байнипарлумонӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва Ассамблеяи парлумонии САҲА ва идомаи муколамаи созанда ва баргузории мулоқоти навбатӣ дар шаҳри Париж дар доираи сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон, иброз намуданд.
Ба тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноат, энергетика, рушди инфрасохтор, металлургия, тандурустӣ, фарҳанг ва илму маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Баъд аз анҷоми мулоқот меҳмонон аз бинои Парламенти Тоҷикистон дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд.