Имрӯз мулоқоти маҷозии Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои парлумонии Олмон — Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои парлумонии Олмон — Осиёи Марказӣ, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Маҳмадулло Шерализода зимни суханронӣ зикр намуд, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 28 феврали соли 1992 барқарор шуда, пайваста рушд меёбанд.
Робитаҳои дуҷонибаи ҳарду кишварро мулоқоти Сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон”, гуфтушунидҳо ва машваратҳои байниҳукуматии ҳарсола, машваратҳои сиёсии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, боздидҳои мутақобилаи сиёсатмадорон, намояндагони парлумон, вазоратҳои мудофиа, ниҳодҳои қудратӣ, ҳамоишҳои соҳибкорони ҳар ду кишвар, робитаҳои мустақими муассисаҳои пажӯҳишӣ-таълимӣ ташкил медиҳад.
Омили танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳарду кишвар мебошад. То ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Олмон 42 санади дуҷониба ба имзо расидааст. Аз теъдоди мазкур 31санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ, 10 созишномаҳои байниидоравӣ ва 1 изҳороти муштарак ташкил медиҳанд.
Дар муносибатҳои муосир робитаҳои байнипарламентии ҳарду кишвар инкишофи густурда меёбанд.