Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Дилноза Муродуллозода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки солҳои охир Осиёи Марказӣ ба як Платформаи муҳим барои муколамаи стратегии байни минтақаҳо гардида, муносибатҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба туфайли манфиатҳои муштарак ва эътимоди афзоянда ба таври назаррас рушд менамоянд. Харитаи роҳи таҳкими робитаҳо миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки ба ҷонноккунии шарикии судманди байниминтақавӣ дар арсаи сиёсию амниятӣ, дипломатӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикаву иқтисод ва робитаҳои байнимардумӣ равона шудааст, ифодаи амалии ин принсипҳо мебошад.
М. Муинӣ зикр намуд, ки аз дурнамои ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла таҳкими муносибатҳои байнипарламентӣ, хушбин ҳастем. Қайд карда шуд, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об, идоракунии сарҳадот, мубориза алайҳи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва нақлиёту коммуникатсия назаррас мебошанд. Фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълими босифати ҷавонон, инчунин тавсеаи дастрасии ҷавонон ба барномаҳои таълимии Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Erasmus+, Horizon Europe ва барномаҳои Мария Склодовская-Кюри ҳамкориҳои моро дар Ҳамчунин, м
Амнияти Осиёи Марказӣ ва Аврупо бо ҳам зич алоқаманд аст. Дар доираи барномаҳои мушаххаси байниминтақавӣ ҷиҳати пешгирии таҳдидҳо, баҳри таъмини амнияти минтақавӣ, тӯли даҳсолаҳо мо дар доираи «Барномаи мусоидат ба идораи марзҳои Осиёи Марказӣ» (БОМКА) ва «Барномаи пешгирии маводи мухаддир ба Осиёи Марказӣ» (CADAP) фаъолона ҳамкорӣ мекунем. Дар баробари ин, зарур мешуморем, ки ҷузъи амалии ин барномаҳоро бо дарназардошти вазъи кунунӣ дар заминаи амнияти минтақавӣ тақвият диҳем, - гуфт дар интиҳои суҳбат М. Муинӣ.
Изҳори умед карда шуд, ки формати ҳамкории байнипарлумонӣ дар татбиқи созишномаҳои дар доираи нахустин Форум бадастомада нақши муҳим мебозад ва имкон медиҳад, ки сохтори шарикии байниминтақавӣ боз ҳам такмил меёбад ва ба манфиати мардумони мо хизмат хоҳад кард.
Форум дар се бахш, аз ҷумла, “Вазъи кунунии муколамаи сиёсии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, нақши дипломатияи парлумонӣ дар таҳкими эътимод ва рушди ҳамкориҳои устувору шарикӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ, иқтисодӣ, экологӣ, робитаҳои нақлиётӣ, тағирёбии "сабз"-и минтақа, волоияти қонун, нақши парлумонҳо дар таҳкими институтҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқи инсон ва ташаккули фазои рақамии бехатару идоракунии фарогир” идома ёфта, дар кори он вакилони парламентҳои кишварҳои Аврупо, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, коршиносони байналмилалӣ ва васоити ахбори умум иштирок ва ҷабҳаҳои гуногуни масъалаҳои бахшҳои форумро мавриди баррасӣ қарор дода, мубодилаи афкор намуданд.
Дар интиҳои кори Форум аз ҷониби иштирокчиён “Изҳороти муштараки нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” қабул гардид.