Имрӯз як гурӯҳ кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои нави Парламенти кишвар боздид ба амал оварданд,
Дар рафти боздид вохӯрии ҳайати кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вакилон, кормандону масъулони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои нави Парламент, залу маҷлисгоҳҳои барҳаво ва дафтарҳои кории вакилону кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дидан намуда, таасуроти нек бардоштанд.