Нимаи дуюми рӯзи 30 марти соли 2026, дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродуллозода Дилноза бо Содиқ Сафоев муовини якуми Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот доир намуданд.
Дар мулоқот тарафҳо роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои байнидавлатию ҳамкориҳои байнипарламентӣ миёни кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон суҳбати гарму самимӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати минбаъд низ роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар самти табодули таҷриба оид ба такмили қонунгузорӣ, парламентаризм, рушди иқтисодиву, иҷтимоӣ ва тиҷоратии тарафайн ҳамчун шарикони стратегӣ дар таъмини амнияту зиндагии шоистаи аҳолии минтақаҳо ибрози ақида намуданд.
Қайд карда шуд, ки нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо ба як майдони муҳими байналмилалӣ табдил ёфта, ба таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ, густариши эътимоди сиёсӣ ва дар ташаккули механизмҳои устувори ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо такони ҷиддӣ мебахшад. Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди минбаъдаи институтсионалии ин шакли ҳамкориро пайваста дастгирӣ менамояд.
М. Муинӣ зикр намуд, ки бо шарофати мулоқотҳои мунтазами Сарони давлатҳо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, инчунин муносибатҳои пайвастаи дӯстона дар доираи форумҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои таҳкими тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ заминаи боэътимод гузошта муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав расидаанд.
То имрӯз, заминаи шартномавӣ - ҳуқуқии байни кишварҳои мо зиёда аз 250 ҳуҷҷатро дар бар мегирад, ки дорои васеи ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, робитаҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ мебошад. Гуфта шуд, ки Шартномаи шарикии стратегӣ ва Шартномаи муносибатҳои иттифоқӣ аз шумори ҳуҷҷатҳои калидӣ мебошанд, ки ба тамоми маҷмааи робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон хусусияти системавӣ ва дарозмуддат додаанд.
Мавсуф таъкид намуд, ки мо ба муносибатҳои неки ҳамсоядориямон ҳамеша арҷ гузошта, талош менамоем, ки дар таҳкими муносибатҳои байнидавлатиямон мусоидат намоем. Ҳамзамон доир ба табодули таҷрибаи тарафайн дар рушди қонунгузорӣ ва парламентаризм суҳбатҳо доир гардид.
Мулоқоти мазкур дар ҳошияи иштироки ҳайати парламентӣ дар нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.