Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Камолзода Илҳом - раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва Давлатзод Ҳаким - узви ҳамин Кумита даъвати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Кошербаев Ермекро пазируфта, барои иштирок дар мониторинги байналмилалӣ оид ба раванди омодагӣ ва баргузории раъйпурсии ҷумҳуриявӣ доир ба қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳайати нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ ва Ассамблеяи Парламентии СААД аз 11 то 16 марти соли 2026 ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.
Тавре нозирони кишвари мо иттило доданд ҳамоҳангии кори масъулон дар ҳама ҷо хуб ба назар мерасид. «Ҳатто дар мавзеҳои хурд, дар деҳот мо низому тартиботи намунавиро мебинем. Аъзои комиссияҳо вазифаҳои худро дақиқ медонанд, бо нозирон ва намояндагони матбуот боодобона рафтор мекунанд. Фаъолияти сокинони деҳот анъанавӣ баланд аст, ки аҳаммияти ислоҳоти пешниҳодшударо барои тамоми кишвар, на танҳо барои шаҳрҳои калон, тасдиқ мекунад», - изҳор намуданд онҳо.