23 декабри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вохӯрии муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Саидвализода Барно бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Саидвализода Барно таъкид доштанд, ки Паёми Президенти кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, муайянкунандаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки Президенти кишвар таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд.
Президенти кишвар дар Паёми хеш, соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон карданд.
Ҳамчунин мавсуф зимни баромади хеш роҷеъ ба масъалаҳои занону бонувон, ҷавонон ва варзиш, рушди маорифу фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, амнияту субот, пешгирии терроризм, бегонапапарастӣ ва дигар масъалаҳои мубрам, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардиданд, изҳори назар намуд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ интихобкунандагон ба вакили мардумӣ саволу дархостҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.