Имрӯз Ғайрат Азиззода - узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ бо интихобкунандагон дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мулоқот орост.
Ғайрат Азиззода зикр намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, фаъолияти тамоми мақомотҳои давлатӣ, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва натиҷаҳои бадастомадаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба таври дақиқу ҳамаҷониба таҳлил шудааст. Соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад. Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмин намудани рушди босуботи мамлакат ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Аз ҷумла дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст,-гуфт Ғ. Азиззода.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинону фаъолони ноҳияи Мастчоҳ дар атрофи мавзуъҳои вохӯрӣ мубодилаи афкор намуда, ҳамчунин ба саволу муроҷиатҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.