Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ қайд намуд, ки баргузории мулоқоти имрӯзаи мо пас аз мулоқот бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯйи талошҳои муштараки тарафҳо ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Фаронса мебошад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса соли 1992 барқарор гардида, хусусияти устувор ва бисёрсамтаро касб намуданд. Фаронса яке аз аввалин кишварҳое аст, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф кард ва дар масъалаҳои таҳкими сулҳ, субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо мавқеи устуворро ишғол менамояд.
Ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва маориф низ тамоюли рӯ ба рушд доранд. Қабули «Харитаи роҳи ҳамкорӣ барои солҳои 2021–2026», ки 16 марти соли 2022 ба имзо расид, марҳалаи нави стратегии муносибатҳоро муайян намуда, ба амиқсозии шарикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун равона шудааст.
Баргузории намоишгоҳи «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии санъати Осиё (Гиме) дар шаҳри Париж мероси ғании таърихию фарҳангии халқи тоҷик ва нақши арзандаи онро дар тамаддуни ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Қисмати ҷудонашавандаи робитаҳои Тоҷикистон ва Фаронсаро ҳамкориҳои байнипарламентӣ ташкил медиҳад. Бо мақсади танзими ин раванд гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Парламенти Ҷумҳурии Фаронса таъсис ёфтааст. Қобили зикр аст, ки ин сохтор дар мубодилаи таҷрибаи қонунгузорӣ, рушди муколамаи байнипарламентӣ ва таҳкими эътимоди мутақобила нақши муҳим мебозад.
Ҳамкориҳои судманд байни Тоҷикистону Фаронса дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ самтҳои афзалиятнок — дипломатияи об, тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва ҳифзи муҳити зистро фаро мегирад, -гуфт дар фарҷом М. Муинӣ.