Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба 31- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Файзалӣ Идизода зикр кард, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши муассир дорад.
Ҳадаф аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони давлатамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.
Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст, зеро дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, судӣ ва иҷроия таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали бевоситаи онҳо кафолат дода шуд, дар асоси он парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфт.
Ин санади муҳимму тақдирсози миллат, ки бо талошҳои хастанопазир ва ташаббусҳои оқилонаву дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар таҳия ва қабул гардид, барои ба эътидол овардани вазъият, суботи ҷомеа, ризоияту ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистони маҳбуб заминаҳои воқеӣ фароҳам овард.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд: «Конститутсияи Тоҷикистон паёми руҳи бешикасту озодипарастии миллати тоҷик ба мардумони дунё ва маҷмуи ормону ниятҳои ниёгон, дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамаддини тоҷик аст».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои таҳкими давлатдории муосири мо заминаҳои устувор гузоштанд. Ин ва дигар арзишҳои Конститутсия боиси аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи конститутсияи беҳтарин донистани шиносномаи миллати мо гардидаанд.
Дар воқеъ, замоне, ки Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони бисёр шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, бо ташаббуси бевосита, хиради волову қобилияти дурбинонаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани чунин як санад бо тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯй ба талаботи ҷаҳони муосир, дар баробари дигар хизматҳои бузургу қиёснашавандаи Ҷаноби Олӣ, барои аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани кишвар ва наҷоти миллат нақши басо муассир бозид.
Бо гузашти солҳо аз қабули Конститутсия, рушди низоми қонунгузории ҷумҳурӣ, идоракунии ҳокимияти давлатӣ, саҳми арзанда ва калидии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди конститутсионализм дар Тоҷикистон ҳарчи бештар эҳсос мешавад.
Дурустиву саривақтӣ, муҳиммияту арзишмандии санадҳои қабулнамудаи ҳамонвақта ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони демокративу ҳуқуқбунёд, дунявиву ягона санги асос гузошта, пояҳои истиқлолияту ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон мустаҳкам намуда, ба ояндаи дурахшон раҳнамун сохтанд.
Мақоми қонунгузори кишвар дар зарфи фаъолияти худ дар даврони истиқлол, дар радифи иҷрои рисолати қонунэҷодкунӣ ва намояндагӣ аз халқ, таҳияи таҳкурсии ҳуқуқӣ ва қолаби қонунии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавонист низоми ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил диҳад.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз таъсиси сохтори дупалатагӣ мақоми воқеии намояндагии мардумӣ ва ташаббускори сиёсати қонунгузорӣ гардид. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташаккули анъанаи муҳокимаронии парлумонӣ, иштироки фаъолонаи мардум дар раванди интихобот - ҳамаи ин нишондиҳандаи рушду такомули парламентаризм дар мамлакат мебошанд.
Ин муваффақиятҳо, бешубҳа, самараи сиёсати хирадмандона, дурбинона ва воқеъбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Имрӯз парламентаризм дар Тоҷикистон заминаи муҳимми таъмини волоияти қонун, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тақвияти суботи сиёсиро фароҳам меорад.
Конститутсия, дар воқеъ, барои миллати тоҷик нурест, ки роҳи ояндаро равшан месозад.
Бо такя ба меъёрҳои Конститутсия, Пешвои муаззами миллат сиёсати хирадмандонаи сулҳпарварона ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодиро пеш бурда, Тоҷикистонро ба майдони ваҳдати миллӣ табдил доданд. Дар натиҷа, имрӯз кишвари мо ҳамчун давлати сулҳҷӯ, дорои обрӯи байналмилалӣ ва намунаи ҳамзистии осоишта дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Яке аз ҳадафҳои муҳимми қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон мутобиқ гардонидани меъёрҳои Конститутсия ба талаботи муосир ва пеш аз ҳама, бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти ҳуқуқи инсон буд. Зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва ҳидоятҳои дурбинонаи хеш талош намуданд, ки дар таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав ҳамаи масъалаҳои марбут ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои ҷудонопазири инсон ва шаҳрванд баррасӣ карда шуданд ва натиҷа он аст, ки имрӯз дар ин масъала Конститутсияи мо дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини дунё қарор дорад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ализода Зариф, раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Ғанизода Шуҳрат, муовини раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Саидвализода Барно, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқӣ инсон Имомзода Нилуфар ва сардори раёсати ҳуқуқӣ Маҷлиси намояндагон Абдуқодир Комилзода дар баромадҳои худ оид ба аҳаммият ва моҳияти ин санади тақдирсоз маълумотҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.