Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона ба муносибати 34-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти ватан баргузор шуд.
Дар назди ҳозирин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода баромад намуда, иброз кард, ки “Истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.
Таърих гувоҳ аст, ки дар давоми садсолаҳо мардуми мо пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва истиқлоли он талош мекард. Имрӯз мо имкон дорем, ки бо бунёди давлати мустақили Тоҷикистон орзуву ормони деринаи миллати тоҷикро амалӣ созем.
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Ба шарофати он Тоҷикистон низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохилию хориҷии хешро мустақилона муайян менамояд.
Маҳз таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, кишвари мо дар арсаи ҷаҳон эътирофи ҳамагонӣ касб кард ва, муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар ин марҳилаи таърихӣ рамзҳои муқаддаси давлатӣ: Конститутсия, Нишону Парчам ва Суруди миллӣ қабул гаштанд, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат ба танзим дароварда шуданд, парламенти касбӣ таъсис ва дипломатияи парламентӣ густариш ёфт.
Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди давлати миллӣ ва густариши истиқлолияту озодӣ хеле бузург аст.
Ҳадафҳои стратегии имрӯзаи миллӣ, ки таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро пешбинӣ менамоянд, бори дигар собит месозанд, ки Пешвои муаззами миллат дар модели давлатсозии мо ҳадафҳоро аз рўйи бартарияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ муайян менамоянд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои давлати тоҷикон – Тоҷикистони азиз ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинони бонангу номуси он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд”.
Таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад.
Пешвои миллат зимни ироаи яке аз Паёмҳои созандаву роҳнамунсози худ ба Маҷлиси Олии мамлакат дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишварро натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат номиданд.
Дар ин росто, бовар дорам мо – вакилони мардумӣ ва аҳли кормандони Маҷлиси намояндагон минбаъд низ якҷо бо эҳсоси гарми худшиносиву ватандорӣ, ҳушёриву зиракӣ ва кору фаъолияти содиқонаву софдилона баҳри беш аз пеш ободу зебо намудани кишвари азизамон ва неруманду пешрафта гардондани давлати соҳибистиқлоламон, таҳияву такмили қонунгузории миллӣ, ки ба нафъи мардум қабул мегарданд, инчунин ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани нуфузу обрӯйи кишвари маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ саъю кӯшиши доимӣ равона менамоем,-иброз намуд Файзалӣ Идизода.
Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Шоҳмурод Рустам, муовини Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Маҷидзода Сарвиноз, вакили Маҷлиси намояндагон Шаҳбози Аброр, сардори шуъбаи ташкилии раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор Абубакрзода Бегназар ба сухан баромада оид ба мафҳуму моҳияти истиқлолият, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, музаффарияту дастовардҳои халқи тоҷик таҳти Сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ сухан гуфтанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба ифтихори ин ҷашни мубораку фархунда - 34 солагии Истиқлолияти давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд нафар кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонда шуданд. Инчунин, ба муносибати ин санаи муборак якчанд нафар кормандони дигари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.