Имрӯз дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар вохӯрии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар…
Имрӯз дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар вохӯрии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Ализода бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо интихобкунандагон оид ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ, рушди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ва дигар масъалаҳои муҳимми рӯз маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Ализода оид ба рушди бесобиқаи кишвар дар зарфи 34 соли Истиқлоли давлатӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳозирин маълумот дод.
Қайд гардид, ки маҳз таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуда, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд.
Интихобкунандагон оид ба масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи афкор намуда, ба саволу дархостҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.