ИФТИТОҲИ НАМОИШИ АНЪАНАВИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ Имрӯз, 13.03.2026 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ намоиши анъанавӣ таҳти унвони…
ИФТИТОҲИ НАМОИШИ АНЪАНАВИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Имрӯз, 13.03.2026 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ намоиши анъанавӣ таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” ифтитоҳ гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Панҷшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ ва муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Одиназода Бахтиёр Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ибтидо, директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо иштирокчиёни намоишро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният намуда, роҷеъ ба мақому манзалати ҷашни Наврӯз ва атрофи намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз” суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар кори намоиш ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷуёну омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, ҳунармандону дустдорони санъату ҳунар ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Дар намоиш ашёи нави моҳияти таърихию фарҳангидошта, ки дар давоми як сол, яъне аз Наврӯзи 2025 то Наврӯзи 2026 бо роҳҳои гуногун (экспедитсияҳо, харид, қабули туҳфа) ҷамъоварӣ гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Зикр гардид, ки дар ин муддат ба фонди Осорхонаи миллӣ 665 адад намунаҳои гуногуни мероси таърихию фарҳангӣ ворид гардидаанд, ки аз ин шумора ки аз ин шумора 240 адади он тавассути комиссияи фондӣ харидорӣ гардида, 182 аз ҷониби бостоншиносони муассиса аз ёдгориҳои ҳудуди кишвар кашф шуда ва 243 адади дигараш аз ҷониби шахсиятҳо ва мақомотҳои гуногун ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардидаанд.