Имрӯз, 4 феврали соли 2026, дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон зидди терроризм» ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, прокурори калони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Юсуф ва сардори департаменти Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид Аҳмад Исмат Сайф Алдавла Аббос суханронӣ намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёну хонандагони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки терроризм ва экстремизм имрӯз ба таҳдиди ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфта, ба амнияти давлатҳо, сулҳу суботи ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи мардум хатар эҷод менамояд. Дар ин замина, пешгирии ҷалб гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии онҳо, инчунин тарбияи ҳисси ватандӯстӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, аҳамияти нақши ҷавонон дар ҳифзи сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ таъкид гардид.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ заминаҳои устувори ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ниҳодиро барои муқовимат бо терроризм ва экстремизм фароҳам оварда, як қатор қонунҳо ва стратегияҳои муҳимро қабул ва татбиқ намудааст.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён аз намоиши асарҳои рассомони ҷавон дидан намуданд. Дар асарҳои пешниҳодшуда тавассути забони санъат хатари терроризм ва экстремизм, паёмадҳои фоҷеабори онҳо, инчунин аҳамияти сулҳ ва ваҳдати миллӣ инъикос гардидаанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муаллифони асарҳо — рассомони ҷавон — барои саҳми арзандаашон дар тарғиби ғояҳои сулҳ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ бо туҳфаҳо ва ҷойҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҷавонон ҳамчун қишри асосии ҷомеа ва ояндаи миллат бояд бо ҳисси баланди масъулият, зиракии сиёсӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ дар таъмини амнияти кишвар ва муқовимат ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуб саҳми фаъол гузоранд. Чунонки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ҷавонон неруи созанда ва омили асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Намоиши «Ҷавонон зидди терроризм» то 14 феврали соли 2026 дар Осорхонаи миллӣ идома меёбад.