- Корманд
- 17
- Роҳбар
- 6
- Бахшҳо
- 9
- Шуъбаҳо
- 2
Маълумоти умумӣ
Ноҳияи Дӯстӣ (собиқ ноҳияи Ҷиликӯл) соли 1930 ташкил шудааст. Масоҳаташ 1,2 ҳазор км² буда, ба 1 январи соли 2026 дар ноҳия 136,2 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Зичии аҳолӣ дар 1 км кв. 1,1 нафар мебошад.
Иқлими ноҳия хушк буда, ҳарорат дар тобистон то +48°С дараҷа гармӣ ва дар зимистон то -18 дараҷа хунукӣ мерасад.
Ноҳияи Дӯстӣ бо ноҳияҳои Ҷайҳун, Хуросон, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён ва Рӯдакӣ ҳамсарҳад мебошад. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 150 км ва то шаҳри Бохтар 50 км аст.
Дар ноҳия 5 Ҷамоати деҳот, 1 Ҷамоати шаҳрак, 57 деҳа, 29 корхонаҳои саноатӣ, 3 ташкилотҳои сохтмонӣ, 2 муассисаҳои нақлиётӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ фаъолият доранд.
Дар ноҳияи Дӯстӣ 33145 нафар хонанда дар 48 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 1797 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.
Дар 2 кӯдакистон 549 нафар кӯдакон тарбия мегиранд.
Хизматрасонии тиббиро дар ноҳия 112 нафар табибон ва 475 нафар мутахассисони миёнаи тиб ба уҳда доранд.
Таъминоти табибон ба 10,0 ҳазор нафар 8,2 нафар, мутахассисони миёнаи тиббӣ 34,9 нафар ва таъминоти катҳо ба 10,0 ҳазор нафар аҳолӣ ба 35,2 кат рост меояд.
Ба аҳолӣ муассисаҳои маданӣ-маърифатии шуъбаи фарҳанги ноҳия, аз он ҷумла 2 қасри фарҳанг, 15 китобхона, 93764 нусха фонди китобҳо, 1 мактаби мусиқӣ, ансамбли тарона ва рақс, 4 адад клубҳои сайёр ва ғайра хизмат мерасонанд.
Дар ноҳия 10288 нафар нафақагирон зиндагӣ менамоянд.