Дар маркази ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ба майдони ишқу садоқат, ифтихори миллӣ ва ҳамбастагии сокинон табдил ёфт. Бахшида ба ҷашни муқаддаси миллиамон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия роҳпаймоии бошукӯҳи сокинон доир гардид.
Роҳбари гуруҳи кории ҳукуматӣ дар ноҳияи Мурғоб ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошад. Дар Роҳпаймоии осоишта Раиси ноҳияи Мурғоб муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шукурзода Исфандиёр ва Раҷабзода Ҳусния дар фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва Истиқлолияти комили миллӣ иштирок намуданд.
Ин ҳаракати бошукӯҳ намоиши иқтидор, субот ва садоқати бепоёни мардуми кӯҳистон ба сиёсати бунёдкоронаи кишвар мебошад. Дар ин рӯзи таърихӣ намояндагони тамоми ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак бо сари баланд ва ифтихори ватандӯстӣ кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сохторҳои молиявию сохтмонӣ низ бо нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ саф кашиданд.
Мардуми сарбаланди Мурғоб бо ин намоиши сатҳи баланд собит сохтанд, ки марзи муқаддаси Тоҷикистонро бо заҳмату ҳушёрии худ ҳифз ва обод менамоянд.