11 сентябри соли 2026 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода Роҳбари нав таъиншуда Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNICEF) хонум Габриэлла Акимоваро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ, аз ҷумла фаъолияти дуҷониба дар доираи як қатор барномаҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мутобиқат мекунад ва афзалиятҳои Нақшаи кории муштарак барои соли 2027-ро мубодилаи афкор намуданд.
Раиси Кумита Баҳодур Шерализода хонум Габриэлла Акимоваро ба муносибати таъин гардиданаш ба вазифаи Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNICEF) табрик гуфта, барои ҳамкориҳои пайвастаи ЮНИСЕФ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар самти беҳдошти муҳити зист изҳори сипос намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, бахусус дар самтҳои тағйирёбии иқлим, амнияти экологӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати экологии кӯдакону ҷавонон таъкид намуд.
Ҷонибҳо ҳамкориҳоро тавассути Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои органикии устувор, аз ҷумла ташаббуси муштарак оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ барои харитасозии ифлосшавии хок ва хавфҳои марбут ба пеститсидҳо, бо таваҷҷуҳи махсус ба таъсири эҳтимолии онҳо ба кӯдакон ва ҷомеаҳо, инчунин масъалаҳои таҳияи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон (NDC 3.0) бахусус дар самтҳои кӯдакону ҷавонон, маърифати иқлимӣ ва малакаҳои сабзро баррасӣ намуданд.