Дар ҳошияи баргузори иҷлосияи 17-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD COP17), ки аз 17 то 28 августи соли 2026 дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон баргузор гардида истодааст, мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо як қатор шарикони байналмилалӣ доир гардид.
Зимни мулоқот бо мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои экологӣ ва раиси Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов ташаббусҳои муштарак оид ба ҳифзи экосистемаҳо, истифодаи устувори захираҳои табиӣ, тақвият ва густариши ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ дар доираи конвенсияҳои байналмилалии экологӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ҷараёни мулоқот бо Вазири экология ва тағйирёбии иқлими Муғулистон Тсендин Сандаг-Очир ҳамкории дуҷониба дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии таназзулёбии замин мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Пас аз мулоқотҳо, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои муштаракро барои мубориза бо биёбоншавӣ, пешгирии таназзулёбии замин, коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ва тақвияти ҳамкорӣ дар доираи конвенсияҳои экологӣ ва ташаббусҳои минтақавии экологӣ тақвият диҳанд.