Мусоҳибаи Ҷамолиддин Яқубов сармуҳаррири нашрияи “Инсон ва табиат”, номзади илмҳои филологӣ, роҳбари иттиҳодияи ихтиёрии ҷавонони табиатдӯст “Маҳфили эковолонтёрон”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳаррири барномаи таҳлилии “Сарват”-и радиои АМИТ “Ховар” Манижа Баҳромзода доир ба ҳадафи таъсиси маҳфили мазкур дар шароити тағйирёбии иқлим, аҳамияти он дар мусоидат ба худташаккулёбии наврасону ҷавонон дар самти ҳифзи муҳити зист, ғамхорӣ зоҳир намудан ба унсурҳои муҳити зист, иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои муҳитизистӣ ва аз бар намудани донишҳои нав изҳори назар намуд.
Манижа Баҳромзода: 12 август ҳамасола ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҷавонон қайд мегардад. Ин рӯз аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ 17 декабри соли 1999 бо пешниҳоди Конфронси умумиҷаҳонии вазирон оид ба умури ҷавонон, ки 8-12 августи соли 1998 дар шаҳри Лиссабони Ҷумҳурии Португалия баргузор гардид, эътироф шудааст. Ҳадафи ин сана таъкид кардани нақши ҷавонон дар рушд ва сулҳофарӣ, инчунин мушкилоти рӯзмаррае, ки дар роҳи онҳо вуҷуд доранд ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар ҳифзи муҳити зист нақши назаррас дошта, саҳми онҳо дар ин масъала муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҷамолиддин Яқубов: Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «ба дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошад, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор дорад, зеро Тоҷикистон давлати ҷавонон аст». Маҳз натиҷаи чунин дастгириҳо ҳаст, ки имрӯз ҷавонон ҷавобан дар пешрафти соҳаҳои мухталиф, бахусус дар ҳифзи муҳити зист саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Кумита ҳамеша дар тарғиби ҳифзи муҳити зист ва гузаронидани аксияҳои гуногуни экологӣ ба қишри ҷавони мамлакат такя намуда, бо чунин мақсад, тасмим гирифт, ки «Маҳфили эковолонтёрон»-ро барои ҷавонони табиатдӯст ташкил намояд.
«Маҳфили эковолонтёрон»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 бо фармоиши Раиси Кумита таъсис дода шуда, ҷавонони зиёди фаъол ва табиатдӯстро аз гӯшаву канори мамлакат атрофи ҳифзи муҳити зист ҷамъ овардааст.
Ҳадафҳои асосии «Маҳфили эковолонтёрон» аз мусоидат ба худташаккулёбиву худтакомулёбии наврасону ҷавонон дар ҷодаи роҳбаладӣ, ғамхорӣ зоҳир намудан ба унсурҳои муҳити зист, иштирок дар чорабиниҳои муҳитизистӣ, аз бар намудани донишҳои нав, муносибати оқилона ба сарватҳои табиии Тоҷикистон, тарғиби карорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи муҳити зист, таъмини амнияти экологии ҷомеа, фароҳам овардани шароит барои ҳамкории донишҷӯёну хонандагон бо зерсохторҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо иборат мебошад.
Дар Тоҷикистон барои дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии онҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таъсиркунанда барои тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ мегардад.
Имрӯз аъзоёни «Маҳфили эковолонтёрон»-и Кумита на танҳо дар чорабиниҳои муҳити зисти дохилӣ, балки барои иштирок ва кӯмак дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалии самти обу иқлим ва дигар масоили экологӣ, ки дар қаламрави кишвар мегузаранд, даъват гардида, бо фаъолияти назарраси худ, на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки берун аз он низ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.