30 июли соли 2026 мулоқоти маҷозии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Роҳбарияти генералии ширкати чинии «Wangneng Environment» дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе ва истеҳсоли неруи барқ тавассути сӯзондани партовҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо вобаста ба идомаи ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаи мазкур, ки ба ҳалли самараноки масъалаҳои марбут ба коркард ва истифодаи партовҳои сахти маишӣ, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва истеҳсоли неруи барқ равона гардидааст, табодули афкор намуданд.