Ба таваҷҷуҳи варзишгарон, сайёҳон ва блогерон расонида мешавад, ки баҳри ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди сайёҳии экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ санаи 1 ва 2-юми августи соли 2026 дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент „Ниммарафони 5-уми кӯҳии ЭКО–2026“ баргузор мегардад.
Мо, эҷодкорони маводҳои расонаӣ ва блогеронро даъват мекунем, ки ба ҳаракати фарогири экологии мо ҳамроҳ шуда, зебоии нотакрори Тоҷикистон ва аҳаммияти ҳифзи табиатро тавассути дурбин ва блоги худ ба ҷаҳон нишон дода, қиссаҳои илҳомбахш нашр кунанд.
Ҳафткӯл - яке аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон.
Масирҳои ҳаяҷоновари кӯҳӣ барои давидан.
Баргузори аксияи экологии тозагии соҳил
Лаҳзаҳое, ки барои сабти маводи видеоӣ (контент) хотирмон аст.
Мавзеи арзанда барои муаррифӣ ба ҷаҳон аст
Дар масире қадам гузоред, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Мехоҳед як қисми ин чорабинӣ бошед? Пас ба мо дар Direct-и Instagram нависед!
Шитобед-шумораи ҷойҳо маҳдуд аст!