10 июли соли 2026 дар толори бинои маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зист баргузор гардид, ки дар он натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Кумита ва мақомоти зертобеъ дар нимсолаи якуми соли 2026 баррасӣ шуда, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян гардиданд.
Ҷаласа таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ҷараён дошта, дар кори он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати кишварзӣ ва ҳифзи муҳити зист Салимзода Салим, муовини якум ва муовинони раис, масъулони сохтории дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентии обуҳавошиносӣ, МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”, марказу муассисаҳои тобеи он, сардорони сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Нахуст ҳисоботи муовини раиси Кумита Лоиқ Раҳмонзода оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Кумита ва мақомоти зертобеъ дар нимсолаи якуми соли 2026 шунида шуд.
Зимни муҳокимаи масъала Раиси Кумита Баҳодур Шерализода оид ба камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар самтҳои фаъолияти сохторҳо изҳори назар намуда, сабабу омилҳои камфаъолиятии баъзе нозирони мақомоти соҳавиро дар давоми шашмоҳаи соли ҷорӣ аз масъулин пурсон шуда, оид ба ислоҳи камбудиҳо дастурҳои қатъӣ доданд.
Ҳамзамон, зимни ҷаласаи мушовара масъулини Агентии обуҳавошиносӣ, Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ислофкунандаҳои устувории органикӣ, Раёсати экспертизаи давлатии экологӣ оид ба фаъолияти самтҳои марбутаи худ ҳисобот доданд.
Дар фароварди ҷаласа Раиси Кумита Баҳодур Шерализода ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар ҷойҳо, масъулияти баланд доштан дар фаъолияти хизмати давлатӣ, оид ба пешбурди ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, бо назардошти риояи қатиъии тартибу низоми қоидаҳои мавҷуда ба масъулони дахлдор вазифагузориҳо намуда, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 17 сентябри соли 2025 зимни ифтитоҳи бинои маъмурии Кумита баён доштанд, татбиқи самаранокии стратегиву барномаҳои давлатӣ, такмили рақамикунонии муҳити зист, вазъи муомилот бо партовҳо ва тозагӣ, инчунин сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор дода шуд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда, қарори дахлдори ҷаласаи васеи мушовара қабул карда шуд.