Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист рӯзҳои 17-18 июни соли ҷорӣ бо сабаби ба амал омадани боришот, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ дошта пешгӯӣ мешавад.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд.