Бахшида ба 5 июн - Рӯзи байналмилалии муҳити зист, дар Боғи «Ирам» чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, фаъолони соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҷавонон ва сокинон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур бо суханони табрикотӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиезода Сулаймон, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода ва муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода баромад намуданд.
Зимни чорабинӣ оид ба аҳаммияти ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ суханронӣ карда шуд. Иштирокдорон таъкид намуданд, ки ҳифзи табиат ва тозагии муҳити атроф вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Дар доираи чорабинӣ маросими ҷамъбасти озмунҳои экологӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардида, ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Ҳамчунин, ба як қатор фаъолон, омӯзгорон ва иштирокчиёни ташаббусҳои экологӣ барои саҳми арзанда дар баргузории чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист сипосномаҳо супорида шуданд.
Инчунин, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони мусобиқаи футбол Ҷоизаи Раиси Кумита тақдим гардида, саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим баланд арзёбӣ шуд.
Дар идомаи барнома намоиши фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва сарояндагони маҳаллӣ пешкаш гардида, сурудҳои ватандӯстона ва таронаҳои тараннумкунандаи зебоии табиат иҷро шуданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои экологӣ, тарғиби фарҳанги экологӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандон дар самти ҳифзи муҳити зист арзёбӣ гардид.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ, бо руҳияи баланди иштирокдорон ва қадрдонии фаъолони соҳа ҷамъбаст гардид.