7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 78-уми худ бо қабули Қатъномаи A/RES/78/281 расман 25 майро ҳамчун Рӯзи байналмилалии футбол эълон намуд. Ин иқдом нишонаи эътирофи аҳамияти бузурги футбол ҳамчун бозии мардумӣ ва воситаи муассири таҳкими сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор дар сатҳи ҷаҳон мебошад.
Қабули ин қатънома натиҷаи ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, 9 феврали соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат намуда, пешниҳод карданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ расман эътироф гардида, Рӯзи байналмилалии футбол таъсис дода шавад.
Ҳадафи асосии эълон гардидани Рӯзи байналмилалии футбол баланд бардоштани нақши варзиш дар муттаҳидсозии мардум, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Ин иқдом дар оянда метавонад ба рушди инфрасохтори варзишӣ, оммавигардонии футбол миёни наврасону ҷавонон, баланд гардидани нуфузи байналмилалии кишварҳо ва таҳкими арзишҳои инсондӯстиву ҳамзистии осоишта мусоидат намояд.