14 майи соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Фестивали экологию фарҳангии «Морхӯр - 2026» баргузор шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, мутахассисони соҳа ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд. Зимни суханронӣ муовини раиси Кумита Лоиқ Раҳмонзода таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Қайд карда шуд, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат 24 май аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Морхӯр» эътироф шудааст. Инчунин зикр гардид, ки саршумори морхӯр дар кишвар аз тақрибан 700 сар дар солҳои 90-ум имрӯз ба зиёда аз 7000 сар расидааст.
Дар доираи фестивал аз ҳисоби маблағҳои бадастомада аз шикори танзимшавандаи ғаниматӣ аз ҷониби ҶДММ «Морхӯр» як майдончаи варзишӣ ва майдончаи бозии кӯдакон мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳамзамон байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмунҳои экологӣ баргузор гардида, ба ғолибон ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ супорида шуданд.
Ҳамчунин, ба муносибати баргузории фестивал барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ ва ансамблҳои ҳунарӣ манзури иштирокчиён гардонида шуда, суруду таронаҳо пешниҳоди ҳозирин карда шуданд.