Дар доираи лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» дар Резервати биосферии «Ромит» семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Минтақабандӣ ва идоракунӣ» баргузор гардид.
Дар семинар 40 нафар кормандони Резервати биосферии «Ромит» иштирок намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён оид ба минтақабандии ҳудуд, истифодаи харитаҳои мавзуӣ, муайян намудани координатҳо тавассути дастгоҳҳои GPS ва усулҳои ҷамъоварии маълумоти саҳроӣ маълумоти назариявӣ ва амалӣ гирифтанд.
Қисмати назариявии семинар ба аҳаммияти экосистемаи минтақа, нақши онҳо дар нигоҳдории тавозуни экологӣ, пешгирии таназзули замин ва ҳифзи гуногунии биологӣ бахшида шуд. Таъкид гардид, ки ҳифзи табиат барои таъмини устувории экосистемаҳо ва мутобиқшавӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим аҳаммияти муҳим дорад.
Дар қисмати амалии омӯзиш иштирокчиён бо харитаҳои мавзуӣ, ҳудудҳои резерват ва дастгоҳҳои GPS шинос гардида, тарзи истифодаи онҳо дар корҳои саҳроӣ, муайян намудани нуқтаҳои географӣ ва сабти маълумоти заруриро амалӣ омӯхтанд.
Баргузории чунин семинарҳо ба баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, беҳтар намудани низоми мониторинг ва татбиқи усулҳои муосири идоракунии захираҳои табиӣ мусоидат менамояд.