Бо мақсади таъмини амнияти экологӣ ҷиҳати тоза нигоҳ доштани марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, кӯчаю маҳаллаҳо, роҳҳо ва соҳили дарёҳо бо ҷалби бештари намояндагони муассисаю ташкилот, сокинони ҷамоати шаҳраку деҳот, шаҳрвандон ва ризокорон тадбирҳои доимӣ андешида шуда, иқдоми мазкур то таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.
Давоми ҳафтаи сипарӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов аксияи «Тозагии маҳал» ва шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров - Ашт бо мақсади тоза намудани ду шафати роҳ аз алафҳои бегона ва хушк аксияи «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуда, инчунин ниҳолҳои дарахтони ороишии ҳамешасабзи дар маъракаи кабудизоркунӣ шинонида шуда, обёрӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар қадди шоҳроҳои Душанбе - Хуҷанд - Чаноқи минтақаи ҷамоати деҳоти мазкур нуқтаҳои партовҳои бесоҳиби ҷойдошта, бо истифодаи техникаи махсус бартараф карда шуд.
Дар маҷмуъ, беш аз 400 нафар иштирок дошта, рафти корҳои ободонӣ 20 метри мукааб партов ҷамъоварӣ ва бароварда шуданд.
Ғайр аз ин, дар ноҳияи Зафаробод аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» бо иштироки 160 нафар, дар ноҳияи Спитамен аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» бо иштироки беш аз 200 нафар ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.