Табиати зебои Тоҷикистон ганҷи бебаҳост.
Гиёҳҳои шифобахш - на танҳо дору, балки қисми муҳими ҳаёти табиатанд.
Ҷамъоварии бетанзими онҳо метавонад ба нобудшавии навъҳои нодир оварда расонад.
Мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, истифодаи захираҳои табиӣ бояд бо риояи меъёрҳои экологӣ ва бе расонидани зарар ба табиат амалӣ гардад. Барои вайрон намудани ин талабот ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки аз ҷониби бархе аз шаҳрвандон гиёҳҳои шифобахш бенизом ҷамъоварӣ мегардад ва тибқи талаботи қонунгузорӣ нисбати онҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем:
- табиатро эҳтиёт намоед;
- барои ояндаи фарзандонамон саҳм гузоред.
Имрӯз муҳофизат мекунем - фардо истифода мебарем!
Ҳифзи табиат - масъулияти ҳар яки мост!