Дар Тоҷикистон як ташаббуси дарозмуддати экологӣ амалӣ мегардад, ки шинонидани 2 миллиард дарахтро то соли 2040 пешбинӣ мекунад.
Дар ин бора раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни суханронӣ дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ - 2026 дар шаҳри Остона хабар дод.
Ҳадафи асосии Барномаи давлатии кабудизоркунӣ беҳтар намудани вазъи экологӣ ва таъмини рушди устувори муҳити зист мебошад.
Барномаи мазкур ба афзоиши майдони сабзазорҳо, барқарорсозии ҷангалзорҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона шудааст.
Аз ҷумла ҳадафҳои муҳим - ҳифзи гуногунии биологӣ, пешгирии равандҳои биёбоншавӣ, коҳиш додани таназзули хок ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошанд.
Татбиқи Барнома, ба беҳтар шудани сифати ҳаво, баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи табиат барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.