Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва ободонии кишвар, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ дар ҳайати сафари корӣ ба ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуд. Сафари мазкур аз 4 апрели соли равон оғоз гардида, ба чорабиниҳои идонаи Наврӯз ва иҷрои нақшаҳои ободонию сабзгардонӣ равона карда шуд.
Зимни сафар, муовини раиси Кумита ҳамроҳ бо роҳбарияти вилоят аз як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва экологӣ боздид намуда, бо рафти корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳаҳо шинос гардид. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Аличор бо сохтмони муассисаи томактабӣ, майдончаи варзишӣ ва гармхонаи муосир, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бунёд мегарданд, шиносоӣ сурат гирифт. Қайд гардид, ки чунин иқдомҳо дар баробари рушди иҷтимоӣ, ба баланд бардоштани маърифати экологӣ ва беҳдошти муҳити зист мусоидат менамоянд.
Дар доираи сафари корӣ, бо иштироки муовини раиси Кумита маъракаҳои васеи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Мурғоб баргузор гардиданд. Дар марҳилаи аввал дар майдони 6 гектар беш аз 3 ҳазор ниҳоли сояафкан шинонида шуда, ҳамзамон дар маркази ноҳия дар масоҳати 4 гектар боғи нав бунёд гардид. Ин иқдомҳо дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ҳадафи онҳо беҳтар намудани вазъи экологии минтақа, сабзгардонии муҳит ва саҳмгузорӣ дар ободонии диёр мебошад.
Ҳамзамон, муовини раиси Кумита аз рафти корҳои сохтмонии як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ, маркази саломатӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ боздид ба амал оварда, барои бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайян ба истифода додани онҳо ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Дар маҷмӯъ, сафари кории муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба ноҳияи Мурғоб нишонаи таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ба ҳифзи муҳити зист, рушди устувори минтақаҳои дурдаст ва густариши корҳои ободонию сабзгардонӣ буда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ нақши муҳим мегузорад.