Бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» тозакунии навбатии як мавзеъ дар деҳаи Намунаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, ба анҷом расонда шуд.
Қаблан дар ин минтақа анбори техникаи кишоварзӣ ва ҷойи дафни пестисидҳои куҳна мавҷуд буд. Ҳоло дар мавзеи мазкур хонаҳои истиқоматӣ бунёд шуда, одамон зиндагӣ мекунанд. Барои муайян кардани мавҷудияти пестисидҳо, кормандони ташкилоти «Пешсаф» қисми зиёди заминро канда, як макони калони дафни моддаҳои заҳрнокро пайдо намуданд. Дар натиҷаи корҳои тозакунӣ тақрибан 5,5 тонна пестисид ва 537 тонна хокҳои олудашуда ба полигони Вахш барои нигоҳдории моддаҳои заҳрнок интиқол дода шуд.
Айни замон ин минтақа барои зиндагии аҳолӣ бехатар арзёбӣ мегардад. Ин корҳои тозакунӣ дар доираи лоиҳаи GEF/UNEP 9421 «Намоиши коркарди ғайритермикии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон» бо дастгирии молиявии GEF амалӣ карда шуданд.