Дар доираи татбиқи амалии сиёсати ободкорона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.06.2024, таҳти №374 “Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” дар саросари диёри азизамон ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ ба маъракаи умумӣ табдил гашта, дар ҳар як гӯша тадбирҳои мунтазами ниҳолшинониву сабзкорӣ тариқи ҳашарҳои ниҳолшинонӣ ва ободкорӣ ҷараён дошта, рӯ ба вусъат доранд.
Албатта, моҳияти меҳварии ин маърака ба дӯст доштани Ватан ва табиат талқин дошта, ҳадаф аз он баланд бардоштани маърифати экологии ҳар як сокини диёр мебошад.
Бо мақсади тақвияти корҳо дар ин самт ва сафарбарии омма ба ин маърака Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳии масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон дар ҳашари дастаҷамъона барои шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз дар маркази ноҳия - шаҳраки Шайдон, гардиши кӯчаи ба номи Ҷаббор Расулов иштирок намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ, кӯчаву маҳалла ва деҳаҳои ноҳия, фаъолнокии аҳли ҷомеаҳои меҳнатӣ, ҷамоатчигӣ ва сокинону истиқоматкунандагон дар ин маърака назаррас мебошанд.
Бо истинод аз маълумотҳои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба ҳолати то 14-уми марти соли ҷорӣ ба миқдори 53 ҳазору 33 бех ниҳолу дарахтони сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудаанд, ки нақшаи пешбинишударо дар маҷмӯъ 110,5 фоиз таъмин намудааст ва корҳо давом доранд.