Ҳамкорони азиз,
Дӯстдорони табиати нотакрори Тоҷикистони маҳбуб,
Қадами мубораку фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ ба кишвари офтобии мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нуру сафо бахшида, қалбҳоро аз шодиву умед лабрез месозад. Ин ҷашни куҳанбунёд, ки аз таърихи халқамон сарчашма гирифта, дар тӯли ҳазорсолаҳо такмилу ташаккул ёфтааст, имрӯз ҳамчун рамзи худшиносии миллӣ ва эҳёи табиат бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи «Тамаддуни ҷаҳонӣ» аз 23 феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва инак 16 сол мешавад, ки ин ҷашни бедории табиат дар кишварҳои мухталифи сайёра қайд карда мешавад.
Дар яке аз чорабиниҳои таҷлили ҷашни Наврӯз Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози андеша намуданд: «Иди Наврӯзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукӯҳи табиат ва эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврӯз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рӯзу шаб баробар мешаванд ва кулли мавҷудоти зиндаро рӯҳу равони тозае бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад».
Имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ суннатҳои неки ниёгон мазмуни тоза гирифта, Наврӯз ҳамчун ҷашни покизагии маънавӣ, эҳтиром ба табиат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ таҷлил мегардад. Ин айём моро водор месозад, ки нисбат ба муҳити зист ғамхорӣ зоҳир намуда, дар ҳифзу нигоҳдошти табиати зебои Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.
Ҳамаи кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дӯстдорони табиати нотакрори кишвари азизамонро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният намуда, барояшон пеш аз ҳама саломатӣ, некӯавҳолӣ, осоиштагӣ, файзу баракати хонадон, хушиҳои рӯзгор ва амалӣ гаштани тамоми нияту орзуҳои некро таманно менамоям.
Наврӯзатон фирӯз бод, ҳар рӯзатон Наврӯз бод!