Имрӯз, бо мақсади таҷлили сазовори 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кумита бо иштироки роҳбарони воҳиди сохтори ва фаъолони соҳа маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон доир ба аҳаммияти таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда, ба муносибати ин санаи муҳими миллӣ ҳозиринро табрик намуд.
Инчунин, қайд гашт, ки нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис, таҳким ва таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳ бо техникаву лавозимоти ҷангӣ, беҳтарсозии шароити хизмат ва баланд бардоштани руҳияи ватандӯстии афсарону сарбозон шоистаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар арзёбӣ гардид.