Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Варзоб дар талу теппаҳои Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, деҳаи Р. Абдуллоев, маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва зиёда аз 200 нафар шаҳрвандон баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинии мазкур зиёда аз 1000 бех ниҳолҳои арчаи сӯзанбарг бо риояи талаботи агротехникӣ шинонида шуданд.
Ҳадафи асосии маърака ободу сабзгардонии муҳити зист, беҳтар намудани вазъи экологӣ, пешгирии эрозияи хок, таҳкими минтақаҳои сабз ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Ба ниҳолҳои шинонидашуда, обёрии саривақтӣ ва нармкунии хок ба роҳ монда шуда, назорати доимӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа амалӣ карда мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин иқдомҳо дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва вусъат бахшидани корҳои ободонию сабзкорӣ мунтазам баргузор гардида, ҷиҳати беҳдошти муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои аҳолӣ мусоидат менамоянд.