Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии кишвар, инчунин дар заминаи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, санаи 14 феврали соли ҷорӣ дар боғи фарҳангию фароғатии «Умари Хайём»-и шаҳри Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва роҳбари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Гайэл Рабалланд баргузор гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ зиёда аз 300 ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд.
Ин ҳама талошу тасмимҳо баҳри беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти сартосарии экологии аҳолӣ равона гардидаанд.