Бо иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 22 январи соли 2026 дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ бадшавии вазъи ҳаво пешгӯӣ мешавад.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар шаҳри Душанбе, атрофи он ва аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ бориши барфи шадид дар назар аст. Дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтимоли боришоти зиёд, тумани ғализ, яхбандӣ, ҷамъшавии барф ва коҳиши сатҳи биниш мавҷуд мебошад, ки метавонад боиси мушкилшавии вазъи ҳаракати нақлиёт гардад.
Бо назардошти ин, ба шаҳрвандон, махсусан ронандагоне, ки тавассути роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо нияти ҳаракат доранд, тавсия дода мешавад, ки сафарҳои худро имкон бошад ба рӯзҳои мусоидтар мавқуф гузоранд, пеш аз сафар ҳолати роҳҳо ва пешгӯии обу ҳаворо мушаххас намоянд, инчунин қоидаҳои бехатарии ҳаракатро ҳамаҷиҳата риоя кунанд.
Мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва таъмини бехатарии шаҳрвандон чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд.