Санаи 11 декабри соли 2025 дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалишавии Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2040 бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маъракаи ниҳолшинонӣ дар қисмати ҷанубии мамлакат оғоз гардид.
Маросими ибтидоии ин иқдом дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Ғаллаобод ва шаҳраки Хуррамшаҳри ноҳияи Хуросон сурат гирифт.
Зимни вохӯрӣ бо аҳолӣ қайд гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим – аз ҷумла гармшавии глобалӣ, камобӣ ва афзоиши хавфи офатҳои табиӣ – ниҳолшинонӣ яке аз роҳҳои муассири ҳифзи табиат, кам кардани таъсироти номатлуб ва таъмини устувории экосистемаҳо ба ҳисоб меравад. Ин амал на танҳо муҳити атрофро солим мегардонад, балки ба ҳусни зебоии маҳал ва беҳсозии шароити зиндагии сокинон мусоидат мекунад.
Дар доираи ин маърака зиёда аз 1000 бех дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонида шуд.