8 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи навбатии Кумита баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба натиҷагирии фаъолияти Кумита ва зерсохтори он барои 11 моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои натиҷагирии фаъолияти соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи мазкур, ҳамзамон ба таври маҷозӣ сардорони сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар вилоятҳо ва раёсати минтақаи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Тибқи тартиби кори ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Кумита ва зертобеи он дар ҷойҳо дар ин давра сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Ибодуллои Маҳмадулло ба таври муфассал ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намуд.
Раиси Кумита пас аз шунидани ҳисоботи масъулон оид ба самтҳои фаъолияти онҳо пурсиш ба амал оварда, аз ҷумла оид ба рафти иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ, нақшаи чорабиниҳо, пурзӯр намудани фаъолияти назоратӣ ва ошкор намудани саривақтии қонунвайронкуниҳо, пешбурди тарғиботу ташвиқоти экологӣ, интизоми меҳнат ва иҷрои ҳуҷҷатҳои идоравӣ, инчунин вобаста ба масъалаҳои дигари соҳавӣ ва таҳияи чорабиниҳои фарогири соҳавӣ барои соли 2026 ба онҳо супоришҳои мушаххас доданд.
Бо назардошти шунидани ҳисоботҳо, таклифу пешниҳод ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори ҷаласаи назди раиси Кумита қабул гашта, ба масъулини иҷро барои чораҷӯӣ ирсол мегардад.