28 ноябри соли равон маҷлиси навбатӣ бо иштироки сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб ва сардорони шуъбаҳои назоратии Сарраёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.
Дар ҷаласа натиҷагирии фаъолият дар 11 моҳи соли равон дар муқоиса бо соли 2024 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлил ва муҳокима қарор гирифтанд.
Сардори Сарраёсат аз сардорони шуъба ва мудирони бахшҳо оид ба самтҳои фаъолияташон пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо ҷойдошта то ҷамъбасти фаъолияти солона супоришҳо дод.
Ҳамзамон, баҳри пурзӯр намудани фаъолияти нозирӣ, назорати шинонидани ниҳолҳо дар мавсими ниҳолшинонӣ, риояи интизоми меҳнат, инчунин вобаста ба масъалаҳои дигари соҳавӣ вазифагузорӣ карда шуд.