21 ноябри соли ҷорӣ дар толори васеи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони масъули Кумитаи мазкур дар мавзуи «Шаффофият дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинари бозомӯзӣ сарнозири Раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ Аъзамзода Шаҳром ва нозири калони Раёсати мазкури Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Навруз масъалаҳои дар боло қайдгардидаро ба таври комилу муфассал шарҳу маънидод намуданд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ байни намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокдорон саволу ҷавоби озоду ошкоро сурат гирифта, кормандони соҳавӣ ба суолҳои сершумори худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳадаф аз гузаронидани чорабиниҳои муштарак, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида рӯи даст гирифта шудаанд, ин риояи талаботи стратегияву қонунҳо ва барномаҳои давлатии дар самти муқовимат бо каррупсия қабулгардида, мебошанд.