17 ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи навбатии Кумита баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳо, асосан натиҷагирии фаъолиятҳо барои моҳи октябр ва вазифаҳо барои моҳи навбатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамзамон, оид ба фаъолияти марказу муассисаҳои Кумита пурсиш ба амал оварда шуд.
Тибқи тартиби кори ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои назоратии Кумита ва зертобеи он дар ҷойҳо сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Ибодуллои Маҳмадулло ба таври муфассал ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намуд.
Сипас, сардорони раёсатҳои назорати давлатӣ, марказу муассисаҳои соҳавӣ ба таври мушаххас оид ба натиҷаҳои фаъолият, дастовардҳо ва масъалаҳои ҷойдошта ҳисобот ва пеҳниҳодҳо манзур намуданд.
Ҳамзамон, раиси Кумита дар интиҳои баромадҳо аз ҳар як масъулини сохторҳо оид ба самтҳои фаъолияташон пурсиш ба амал оварда, аз ҷумла оид ба рафти иҷрои cтратегияву барномаҳои давлатӣ, нақшаи чорабиниҳо, пурзӯр намудани фаъолияти назоратӣ ва ошкор намудани саривақтии қонунвайронкуниҳо, пешбурди тарғиботу ташвиқоти экологӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, омодагиҳо ба мавсими ниҳолшинонӣ, интизоми меҳнат ва иҷрои ҳуҷҷатҳои идоравӣ, инчунин вобаста ба масъалаҳои дигари соҳавӣ ба онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.
Бо назардошти шунидани ҳисоботҳо, таклифу пешниҳод ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори ҷаласаи назди раиси Кумита қабул гашта, ба масъулини иҷро барои чораҷӯӣ ирсол мегардад.