29 октябри соли 2025 дар меҳмонхонаи Crown Plaza дар шаҳри Душанбе тренинг барои намояндагони ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи вилояти Хатлон дар мавзуи «Арзёбии самаранокии идоракунӣ бо истифодаи METT (Management Effectiveness Tracking Tool)», дар доираи лоиҳаи БРСММ/ФГЭ “Муҳофизат ва идоракунии устувори экосистемаҳои арзишманди хушк дар қисми поёнии ҳавзаи дарёи Амударё” баргузор гардид, ки онро Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид амалӣ менамояд.
Ҳадафи чорабинии мазкур дастгирии техникӣ дар татбиқи лоиҳаи Амударё, баланд бардоштани иқтидори роҳбарон ва кормандони ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, инчунин ҷорӣ намудани воситаҳои амалии арзёбии самараноки идоракунӣ бо татбиқи методологияи METT мебошад. Таваҷҷуҳи махсус ба мубодилаи таҷриба, муайян кардани мушкилоти мавҷуда ва камбудиҳои институтсионалӣ ва муҳокимаи имкониятҳо барои беҳтар кардани низоми идоракунии ҳудудҳои табиӣ зоҳир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Моника Молдован – мушовири техникии минтақавии БРСММ оид ба гуногунии биологӣ ва экосистемаҳо, Олимҷон Ятимов – директори Маркази миллӣ оид ба гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ, Алексис Легиганд – таҳлилгари техникии БРСММ, Фарангис Умедзода – ҳамоҳангсози лоиҳа ва менеҷер оид ба маблағгузории устувор ва Диловар Заинидинов – менеҷери лоиҳаи Амударё иштирок доштанд.
Барномаи тренинг маърӯзаҳо ва ва муҳокимаҳои интерактивиро дар бар мегирифт, ки доираи васеи мавзӯъҳоро — сар карда аз механизмҳои маблағгузории устувор ва мониторинги гуногунии биологӣ то қадамҳои амалӣ барои татбиқи нишондиҳандаҳои самаранокии METT дар амалияҳои идоракунӣ фаро гирифт.
Тренинги баргузоршуда як қадами муҳим дар рушди иқтидори мутахассисони масъули ҳифзи муҳити зист гардид ва тарафдории ҳамаи шариконро ба ҳадафҳои умумӣ, яъне ҳифзи мероси табиии Тоҷикистон, таъмини рушди устувор ва мусоидат ба ҳамоҳангӣ байни инсон ва табиат дар ҳавзаи дарёи Амударё таъкид кард.