Маълумот дар бораи унвонҷӯ Ғиёсов Мақсуд Зиёхуҷаевич Диссертатсияи Ғиёсов Мақсудҷон Зиёхуҷаевич дар мавзӯи «Хусусиятҳои биологии навъҳои интродутсионии себ дар тагпайванди нашвии қадпасти М-9 дар шароити водии Ҳисор» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои кишоварзӣ аз рӯйи ихтисоси 06.01.01 – зироаткории умумӣ, растанипарварӣ вобастагӣ дорад. Таҳқиқотҳо давоми солҳои 2013-2016 дар шуъбаи технологияи инноватсионии ниҳолпарварии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ иҷро шудааст. Ғиёсов Мақсудҷон Зиёхӯҷаевич соли 2002 ба Донишгоҳи аграрии Тољикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ихтисоси 1-740204 меваю сабзавотпарварӣ дохил шуда, онро соли 2007 бо касби олим агроном хатм намудааст. Номбурда соли 2009 ба ҳайси унвонҷӯ аз рӯйи ихтисоси 06.01.01 – зироатпарварии умӯмӣ дохил шуда, соли 2011 хатм намудааст. Роҳбари илмии унвонҷӯ – Гулов Сайдалӣ Маъмурович аъзои вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор мебошад. Диссертатсия дар ҳаљми 142 саҳифаи матни компютерӣ дарҷ гардида, аз 4 боб, муқаддима, натиҷаҳои таҳқиқот, самараи иқтисодӣ, баррасии натиҷаҳои таҳқиқот, хулосаю пешниҳодҳо, инчунин, аз 14 расм, 16-ҷадвал, 10диаграмма ва рӯйхати адабиётҳо иборат мебошад. Натиҷаҳои таҳқиқот дар 8 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 4 - мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионӣ, 1 мақола дар маҷалаи тақризшавандаи КОА Федератсияи Россия ва 4 мақола дар маводҳои конференсияҳо ба нашр расонида шудаанд. Муқарризон Камолов Н. – ходими пешбари илмии шуъбаи мевапарварӣ ва буттамевагиҳо, н.и.к. Қаҳоров Қ. – Профессори кафедраи ҳифз ва карантини растаниҳо, доктори илмҳои кишоварзӣ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур.