Санаи 30 июни соли 2026 дар маҷлисгоҳи муассиса бо иштироки роҳбарият, олимон, муҳаққиқон ва кормандон мизи мудаввар таҳти унвони «Қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани солҳои 2027–2036 ҳамчун…
Санаи 30 июни соли 2026 дар маҷлисгоҳи муассиса бо иштироки роҳбарият, олимон, муҳаққиқон ва кормандон мизи мудаввар таҳти унвони «Қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани солҳои 2027–2036 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” – боз як пирӯзии таърихии дипломатияи пешгирикунанда ва сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ аҳамияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва байналмилалии қатъномаи мазкур мавриди таҳлили амиқи илмӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки қабули он аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид далели равшани эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳи пойдор, рушди дипломатияи пешгирикунанда ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Иштирокчиён зикр намуданд, ки ин дастоварди муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими нуфузу мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуда, саҳми Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ, амният ва рушди устувор боз ҳам тақвият мебахшад.
Дар фарҷоми мизи мудаввар таъкид гардид, ки татбиқи амалии ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» барои густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамзистии осоишта ва таъмини рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти калидӣ дошта, дастгирии чунин ташаббусҳои байналмилалӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва ҷомеаи илмӣ ба шумор меравад.