Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии кишоварзӣ ва Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз–2026» дар Берлин
Рӯзҳои 14–17 январи соли 2026 дар шаҳри Берлин дар доираи Форуми ҷаҳонии кишоварзӣ ва озуқаворӣ ва дар ҳошияи Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз–2026» як қатор чорабиниҳо баргузор гардиданд, ки дар онҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии…
Рӯзҳои 14–17 январи соли 2026 дар шаҳри Берлин дар доираи Форуми ҷаҳонии кишоварзӣ ва озуқаворӣ ва дар ҳошияи Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз–2026» як қатор чорабиниҳо баргузор гардиданд, ки дар онҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ иштирок намуд.
Тибқи барнома, ҳайати кишвар дар ҷаласаи роҳбарони ҳайатҳои расмӣ, маросими ифтитоҳи расмии Форуми ҷаҳонии кишоварзӣ ва озуқаворӣ, ифтитоҳи Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз–2026» ширкат варзид.
Ҳамзамон, дар ҳошияи чорабиниҳо мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воломақоми Бонки ҷаҳонӣ, инчунин муовинони вазирони кишоварзии Олмон ва Лаҳистон баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқотҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шуданд.
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланди Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) оид ба масъалаҳои об ва озуқаворӣ аз рӯйдодҳои муҳими форум ба шумор мерафт. Зимни суханронӣ ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти озуқаворӣ муаррифӣ гардиданд.
Дар доираи мулоқоту нишастҳо намояндагони кишварҳои хориҷӣ барои иштирок дар Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват шуданд.
Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили 100-солагии Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз–2026» бо пешниҳоди беш аз 120 номгӯйи маҳсулоти органикии агросаноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иштирок дорад. Макони намоишии Тоҷикистон бо тарҳи миллӣ бунёд гардида, то имрӯз беш аз 2 ҳазор нафар меҳмонон аз он дидан намудаанд.
Маркази матбуоти Вазорати Кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон