Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи лоиҳа: «Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандсозии занони деҳот»
Рақами грант: 0958-TAJ
Рақами лоиҳа: 54111-008
Мақомоти иҷрокунанда: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВК) ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ККЗО)
Бонки осиёии рушд (БОР) аз ҳисоби захираҳои фондҳои махсуси худ (Фонди рушди Осиё) ба маблағи 17,50 млн доллари ИМА грант ҷудо намуд. Грант барои маблағгузории лоиҳае пешбинӣ шудааст, ки ба рафъи осебпазирӣ ва беҳтар намудани шароити таъмини воситаҳои зиндагии занони деҳоти вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.
ВК ва ККЗО мақомоти татбиқкунандаи лоиҳа мебошанд. Таҳти роҳбарии онҳо Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) таъсис дода шудааст. ГТЛ барои татбиқи умумии лоиҳа, аз ҷумла идоракунӣ, тарҳрезӣ, харид, назорати сохтмон, мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ масъул аст.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандсозии занони деҳот» мутахассисони ҳавасманду соҳибихтисосро ба озмун барои ишғоли вазифаи холии мутахассис оид ба харид даъват менамоянд.
Вазифаҳои мутахассис оид ба харид дар пайванди зерин оварда шудаанд.
https://cloud.mail.ru/public/aJJW/m87E1Wz5A
Довталабони ҳавасманд бояд маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан пешниҳод намоянд.
Ариза ба номи директори лоиҳа бо имзо ва зикри сана.
Резюме (CV) ба забонҳои русӣ ва англисӣ бо имзо ва зикри сана.
https://cloud.mail.ru/public/UvZ3/mPQydpYCb
https://cloud.mail.ru/public/NTcZ/kgsMzbUY9
Тавсиянома аз ҷойи кори охирин.
Нусхаҳои диплом ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси зарурӣ.
Нусхаҳои сертификатҳое, ки ба вазифаи эълоншуда мувофиқанд.
Ҳуҷҷатҳоро ба суроғаи зер дар лифофае пешниҳод намоед, ки дар рӯи он номи вазифаи холӣ ва номи довталаб нишон дода шуда бошанд.
Ба муовини менеҷери ГТЛ Ш. Абдурасулов
Дафтари Гурӯҳи татбиқи лоиҳа, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, бинои нашриёти «Шарқи Озод», ошёнаи 3-юм
734018, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Почтаи электронӣ: piglerwp@gmail.com, hurshedy@mail.ru
Телефонҳо: +992 99 555 12 91, +992 98 797 00 95
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо — 3 декабри соли 2026, соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ.
Маълумоти иловагиро аз душанбе то ҷумъа, аз соати 9:00 то 17:00 метавон гирифт.
Телефонҳо: +992 99 555 12 91 ё +992 99 555 12 82
Почтаи электронӣ: piglerwp@gmail.com, hurshedy@mail.ru