ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ ОИД БА НАТИҶАҲОИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2025
Санаи 13 январи соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии…
Санаи 13 январи соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Раиси кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатӣ Сафаров Миралӣ, Президенти АИКТ Салимзода А.Ф., ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Маҳмадёрзода У.М., муовини раиси вилояти Суғд Косимӣ Ф., муовинон, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказии вазорат, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сарраёсати ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Ҷаласаро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ифтитоҳ намуд.
Нахуст маърӯзаи муовини якуми вазири кишоварзӣ Асозода Нуралӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 шунида шуд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Сарфи назар аз омилҳои иқлимӣ ва паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонӣ, татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ ва дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат, соҳаи кишоварзӣ ба заминаи боэътимоди таъмини амнияти озуқаворӣ ва омили калидии рушди сатҳу сифати зиндагии мардум табдил ёфтааст. Тибқи нишондодҳои оморӣ, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра ба 84,7 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли гузашта 9,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ бо афзоиши 9,9 фоиз ба 56,6 миллиард сомонӣ ва маҳсулоти чорвопарварӣ бо 8,5 фоиз, ба 28,1 миллиард сомонӣ зиёд гардидааст.
Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли картошка 5,4 фоиз зиёд гардида, 1332,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, истеҳсоли сабзавот 2,4 фоиз (3377,9 ҳазор тонна), зироатҳои полизӣ 9,6 фоиз (1254,4 ҳазор тонна)-ро ташкил медиҳад, меваҷот 16,0 фоиз (954,3 ҳазор тонна), ангур 19,4 фоиз (346,1 ҳазор тонна), гӯшт 9,2 фоиз (454,3 ҳазор тонна), аз он гӯшти паранда 7,2 фоиз (50,8 ҳазор тонна), шир 2,5 фоиз (1206,7 ҳазор тонна), тухм 12,1 фоиз (1419,3 миллион дона), пашм 4,8 фоиз (9,5 ҳазор тонна), гирифтани гӯсола 5,0 фоиз (746 ҳазор сар), бараву бузғола 5,7 фоиз (2987 ҳазор сар), тойча 10,2 фоиз (20 ҳазор сар) ва истеҳсоли чуҷа 1,6 маротиба зиёд гардида, ба 27,0 миллион сар баробар шудааст.
Дар натиҷаи роҳандозии намудани тадбирҳои муайян ҳаҷми истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ ба 392,2 ҳазор тонна расида, иҷрои дурнамо 100,6 фоиз таъмин гардид, ки дар муқоиса нисбат ба соли 2024-ум 139,5 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Инчунин ҳисоботи сардорони сарраёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат оид ба нишондиҳандаҳои соҳа шунида шуд.
Аз ҷониби Раёсати ҳайати мушовара ба масъулин барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон баромад намуда, барои иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқотҳо бо роҳбарон ва фаъолон дар сафарҳои корӣ баён намудаанд, масъулинро вазифадор карда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об, иҷрои дурнамои кишт, риояи агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дастуру маслиҳатҳо дода шуд.
Дар фарҷом барои 23 нафар шахсоне, ки дар давоми соли 2025 ба дараҷаҳои илмии унвони номзадӣ (20 нафар) ва докторӣ (3 нафар) дар бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ соҳиб гардидаанд, бо мукофотҳои пулӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон