Пешвои миллат- Ифтихори абадии миллат
Имрӯзҳо миллати тоҷик ва шаҳрвандони Ватани азизамон Тоҷикистон бо шукргузорӣ ва ҳуввияти баланди ватандорӣ рӯзи таърихӣ ва муқаддастарин - Рӯзи Президентро бо шукуҳу шаҳомат, эҳтирому самимияти воло ва баланду барҷаста ҷашн гирифта истодаанд.…
Имрӯзҳо миллати тоҷик ва шаҳрвандони Ватани азизамон Тоҷикистон бо шукргузорӣ ва ҳуввияти баланди ватандорӣ рӯзи таърихӣ ва муқаддастарин - Рӯзи Президентро бо шукуҳу шаҳомат, эҳтирому самимияти воло ва баланду барҷаста ҷашн гирифта истодаанд. Моҳияти таърихӣ ва нақши ин рӯз дар ҳаёти имрӯзаву ояндаи давлату миллати тоҷик басо рамзӣ ва муҳташам мебошад. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз -16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато бахшид ва баргузории ин анҷумани саодат - раҳкушову раҳнамо ва асоси роҳи наҷот ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷикро дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш ва далеру шуҷоъ ҳамчун роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.
Зикр кардан ба маврид аст, ки муайян шудани рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” барои миллати тоҷик ба ҳайси рӯзи тақдирсоз, муайянкунандаи ояндаи рушди босуботи Тоҷикистон ва боварию эътимод ба ояндаи дурахшон эътироф гаштааст.
Дар ин радиф бешубҳа ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ имрӯзҳо худро хушбахттарин ва саодатмандтарин шахсиятҳои кураи замин меҳисобанд. Зеро, маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик пеш аз ҳама соҳибистиқлолии комили хешро дарёфт ва рӯ ба илм, маориф, фарҳанг, таърих, созандагию бунёдкорӣ ва шаҳрсозию шаҳрофарӣ оварда, барои эҳёи тамаддуни таърихӣ ва ташаккули маърифати зеҳнии насли ояндасози хеш таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда истодааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори абадии миллати тоҷик мебошад. Хизматҳои шоёни Ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ, сулҳофар, тарроҳи ҳадафҳои бузурги стратегӣ, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, меҳрубон, дилсӯз ва ғамхори ҳар як фарди тоҷик дар дилу дидаи миллати тоҷик ҷой гирифтааст.
Кордонию коршиносӣ, сиёсатмадорию сулҳпарварӣ ва инсондӯстии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маъруфи ҷаҳониён гардидааст. Боиси фараҳмандист, ки сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва роҳбарони давлатҳои абарқудрат ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои тиллоӣ мегӯянд ва эҳтироми хоса менамоянд.
Яке аз корномаҳои азиму барҷастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дар масири таърихи навини миллати тоҷик ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ба ҳисоб рафта, ҳамчун руйдоди таърихӣ ва бе мислу монанд ба ҳисоб рафта, он имрӯзҳо ҳамчун намунаи ибрат ва боиси таҷрибаандӯзии сиёсатмадорони намоён, инчунин мавриди таҳқиқоти олимону институтҳои байналмилалӣ қарор гирифта аст.
Воқеъан, ба даст овардани Ваҳдати комили миллати тоҷик дар натиҷаи корнамоиҳои барҷаста, бедорхобӣ, шуҷоатнокӣ, далерӣ ва донишу заковати волои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад. Ӯ бо таъмин намудани Ваҳдату ягонагӣ халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот дод.
Бо даст овардани ваҳдату ягонагӣ ва мутаҳҳидсозии сохторҳои давлатӣ, таҳияи ҳадафҳои бузургу барҷастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди қабули як қатор барномаҳо ва лоиҳаҳои мухталифи миллӣ, ислоҳоти соҳаҳои гуногун ва таваҷуҳу дастгирии доманадори Ҳукумати мамлакат ба тамоми қишрҳои ҷомеа, гузоштани заминаҳои боэътимод ба марҳилаи муосири рушди тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамзамон ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ маҳз бо ибтикороти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарроҳӣ ва ҳидоят шуда истодааст. Низоми муосири шаҳрсозию шаҳрдорӣ, инфросохтори беҳамтои минтақаҳо, бунёди роҳҳову пулҳо ва нақбҳои сатҳи байналмилалӣ, иншоотҳои бузургу барҷастаи аср, эҳё ва зинда намудани таъриху осори гаронбаҳои ниёгон, тараннуму ифшо намудани фарҳанги ғании миллат ба ҷаҳониён исботи гуфтаҳо мебошад.
Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта рушди тараққиёти он дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Бо дарназардошти қабули Стратегияҳо ва барномаҳои давлатии соҳавӣ ва инчунин ба роҳ мондани ислоҳоти замин, самараноку самарабахш истифода бурдани замин, гирифтани 2-3 ҳосил, ворид намудани техникаву технологияҳои муосир ва дигар захираҳои табиии Тоҷикистон давра ба давра рушди ёфтани соҳаи кишоварзиро таъмин намуда истодааст.
Омӯзиши ҳамаҷонибаи дастовардҳои миллати тоҷик, ки бевосита таҳти роҳбарию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст оварда шудааст, нишон медиҳад, ки тараққиёти тамоми ҷабҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ беҳамто буда, нисбат ба 70 соли то соҳибистиқлолӣ бартарии арзишманд ва нотакрор ба ҳисоб меравад.
Хизматҳои содиқона, бемислу монанд ва таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо ва наслҳои ояндаи миллати тамаддунофари тоҷик намунаи ибрат мебошад. Ҳифзу арҷгузорӣ намудан ба ин хизматҳои шоён вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарзанди миллати тоҷик мебошад.
Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Ифтихори абадии миллати тоҷик мебошад.
Аҳмадзода Баҳромҷон Раҷаб - муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон